Декабр 24, 2021 18:01 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 44 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 131 ҳазору 306 нафар расид.

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард, аз аз рӯзи панҷшанбе то ҷумъа (23 ва 24 декабр) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, як ҳазору 967 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар ин кишвар шиносоӣ шуд, ки 321 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар ин кишвар ба 6 миллиону 181 ҳазору 784 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд, то кунун 6 миллиону 22 ҳазору 150 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп