Бо эъломи AFC Торемӣ беҳтарин легионери соли 2021 Осиё шуд
Конфедератсияи футболи Осиё дар поёни соли 2021 Маҳдии Торемӣ, муҳоҷими эронии тими Портуро ба унвони беҳтарин легионери қораи Осиё муарифӣ кард.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар поёни соли 2021 ва бо ҷамъбандии 35 назарсанҷии худ иқдом ба муарифии бозикунони бартари қораи Осиё аз миёни 115 бозикун кард.
Конфедератсияи футболи Осиё дар сол ва ба сурати ҳафтагӣ назарсанҷиҳоро барои интихоби беҳтарин легионери осиёӣ баргузор мекард ва дар ин назарсанҷӣ борҳо номи бозикунони Эрон, аз ҷумла Маҳдии Торемӣ, Сардор Озмун, Алӣ Қулизода ва Аллоҳёри Сайёдманиш қарор мегирифт, дарсади ин назарсанҷиҳо Маҳдии Торемӣ, муҳоҷими тими Порту қарор дорад, ки 20 бор номзади касби беҳтарин легионери Осиё шуд.
Торемӣ дар соли 2021 муваффақ шуд 27 гол ба самар бирасонад, аз ҷумла се голи арзишманд ба Челси, Ювентус ва Ливерпул дар лиги қаҳрамонони Осиё, ки голаш ба Челси ба унвони беҳтарин голи фасли лиги қаҳрамонони Аврупо интихоб шуд.