Аввалин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) бо ҳузури Раҳбари Муъаззами Инқилоб
(last modified Tue, 04 Jan 2022 14:43:06 GMT )
Январ 04, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Аввалин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) бо ҳузури Раҳбари Муъаззами Инқилоб

Аввалин шаби азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ(р) бо ҳузури Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ баргузор шуд.

Ин маросим ба иллати давом доштани густариши бемории корона ва лузуми риъояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ, бедуни ҳузури ҷамъият ва танҳо бо ҳузури як суханрон ва як маддоҳ баргузор шуд.

Дар ин маросим, ҳуҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ дар суханоне, шавқи шаҳодат ва марг дар роҳи Худоро аз вижагиҳои хоси Илоҳӣ донисту гуфт: Шаҳодат барои бандагони мухслис, расидан ба мақсад ва висоли Парвардигор аст ва фатҳулфутуҳи инқилоб, тарбияти шогирдони камзназир ва шаҳодатталабоне ҳамчун шаҳид Сулаймонӣ дар мактаби Амиралмуъмин (а) ва ҳазрати Сиддиқаи Кубро(с) аст.

 

Барчасп