Раиси Қувваи қазоия: Дар ҳавзаи ҳуқуқи башар бояд мутолибагар бошем
(last modified Wed, 05 Jan 2022 12:36:20 GMT )
Январ 05, 2022 17:36 Asia/Dushanbe
  • Раиси Қувваи қазоия: Дар ҳавзаи ҳуқуқи башар бояд мутолибагар бошем

Раиси Қувваи қазоия бо интиқод аз руйкарди ғарбиҳо таъкид кард: Дар ҳавзаи ҳуқуқи башар бояд мутолибагар бошем.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Мӯҳсинии Эжаӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии ситоди ҳуқуқи башар, бо гиромидошти дуввумин солгарди шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш, аз иқдомоти дастгоҳҳо ва ниҳодҳои мухталиф аз ҷумла Шӯрои оли амнияти милли ва дабири ин Шӯро дар дифоъ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барораи ҳаҷмаҳои ҳуқуқи башари бегонагон ташакур кард.

  • Мӯҳсинии Эжаӣ бо баёни ин ки ғарбиҳо дар садади он ҳастанд то яке аз нуқоти қуввати Ҷумҳурии Исломии Эрон  нозир бар ҳимоят аз ҳуқуқи инсонҳоро ба нуқтаи заъф ва конуни ҳаҷмаҳои худро табдил мекунад афзуд: Таълимҳо ва таърифҳои Ислом нисбат ба инсон ва ҳуқуқи башар дар ҳеҷ мактаби дигар ёфт намешавад.
  • Раиси Қувваи қазоия ба мавзуъи нақзи ошкори ҳуқуқи башар аз сӯи ғарбиҳо ва дар ҳоли ҳозир иддаоҳои дуруғини онҳо дар ин замина ишора карду гуфт: Касоне, ки баъзан аз табиъати инсонии худ хориҷ шудаанд ва агар ба онҳо даранда гуфта шавад муболиға сурат нагирифта аст, акнун барои миллатҳои дигар башар ва ҳуқуқи башарро таъриф мекунанд.

Ба гуфтаи Мӯҳсинии Эжаӣ: Муддаъиёни ҳуқуқи башар имрӯз бештарин иқдомоти зидди башарӣ ва ваҳшиёнатарин ҷиноятро бар зидди инсонҳо муртакиб мешаванд ва бо дасиса, тавтиъаҳо, таҷовузот ва ишғолгариҳои худ мардуми мазлумро дар нуқтаҳои мухталифи дунё овора мекунанд ва ба куштори онҳо мубодират меварзанд ва зерсохтҳои кишварҳои онҳоро аз байн мебаранд ва барои равнақи фуруши таслиҳоти худ миёни кишварҳо ҷангафрузӣ мекунанд.

 

Барчасп