Январ 08, 2022 14:38 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дай (9 январ); фардо

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи қиёми 19 дай ( 9 январ ) мардуми Қум зидди режими ситамшоҳӣ, ба сӯрати телевизиюнӣ, суханронӣ хоҳанд кард.

Суханронии ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фардо якшанбе ба сӯрати зинда аз шабакаҳои телевизионӣ пахш хоҳад шуд.

Суханронии раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи қиёми 19 дай (9 январ), ҳар сол бо ҳузури ҳазорон нафар аз мардуми Қум дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ(раҳ) баргузор мешуд, ки имсол низ ба иллати шуюи вируси корона, бидуни ҳузури ҷамъият ва ба сӯрати телевизиюнӣ анҷом хоҳад шуд.

19 дайи 1356 (9 январи 1978) мардум, мударрисону туллоби ҳавзаи илмияи Қум (ҷануби Теҳрон) дар эътироз ба иҳонати режими паҳлавӣ ба шахсияти ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон тазоҳурот карданд, ки авомили амниятии режими паҳлавӣ теъдоди зиёде аз муътаризонро ба хоку хун кашиданд.

 

 

Барчасп