Январ 09, 2022 15:38 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Муҳосибаи ғалати амрикоиҳо идома дорад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Муҳосибаи ғалати амрикоиҳо идома дорад, онҳо фикр мекарданд бо шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ҳаракате, ки ӯ намояндааш буд хомӯш хоҳад шуд, аммо бештар шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ( якшанбе ) дар солрӯзи қиёми торихии 19 даи 1356 мардуми Қум ва дар суханронии телевизиюнӣ тасреҳ карданд : Муҳосибаи ғалати Амрико дар дастгоҳи муҳосиботишон идома дорад ва алон ҳам ҳамин ҷур аст .
Ишон гуфтанд: Алон ҳам дар бораи масоили гӯногӯн як муҳосибае мекунанд; намунааш ҳамин масаълаи тозаи боқимондаи шаҳодати шаҳиди азизмон, шаҳид Сулаймонӣ аст, чӣ фикр мекарданд, чӣ шуд .? Онҳо фикр мекарданд бо аз байн бурдани шаҳид Сулаймонӣ наҳзату ҳаракати азиме, ки ӯ намояндааш буд, намӯдораш буд ва намодаш буд, ин хомӯш хоҳад шуд. Намебинед, ки бештар шудааст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Имсол дар солгарди дувуми шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ин ҳаракати азим, ин кори кӣ буд, дасти кӣ буд, инро кӣ метавонад иддао кунад, кӣ ин корро ман кардам, мо кардем, ҷуз кори қудрати Илоҳӣ ва дасти қудрати Илоҳӣ набуд дар Эрон ва дар кишварҳои ғайр, аз хориҷ аз Эрон .
Раҳбари муаззами инқилоб таъкид карданд : Омили наҷоти кишвар дар бизангоҳҳои мухталиф ғайрати динии миллати Эрон будааст, ғайрати динӣ аст, ки таҳдидҳоро ба фурсат табдил мекунад . Ишон дар иртиботи тасвирии мардуми Қум афзуданд : Азизони ман касоне ки ин суханро аз ин бандаи ҳақир мешунавед ғайрати диниро ҳифз кунед, омили наҷоти кишвар дар бизангоҳҳои мухталиф ғайрати динии миллати Эрон будааст .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ғайрати динӣ аст, ки таҳдидҳеро ба фурсат табдил мекунад. Як намунааш ҷанги таҳмилӣ-дифои ҳаштсола як таҳдиди бузург буд. Ғайрати динии мардум, ғайрати динии ҷавонҳо, ғайрати динии падарону модарон ва ҳамсарон мӯҷиб шуд, ки бираванд ҷавонҳои мо дар ин ҷабҳа ва ин ҷанги дарвоқеъ байналмиллалиро, ки Амрикои он рӯз, Шуравии он рӯз, НАТО-и он рӯз, иртиҷоъи минтақа дар он рӯз, ҳама бо ҳам ҳамдаст шуда буданд, ки Эронро шикаст бидиҳанду Имомро ба зонӯ дарбиёранд ва наҳзатро нобуд бикунанд, ҳамаи инҳоро шикаст дод ва тавонист пирӯз бишавад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд : Миллати Эрон ба маънои воқеии калима зери тобути шаҳид Сулаймонӣ ҳуввияту ваҳдати худашро нишон дод .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд : Шаҳодати ҳамин шаҳиди азизамон, сардор Сулаймонӣ воқеан як ҳодисаи торихии аҷиб шуд ҳеҷ кас фикр намекард  дӯстон ҳам фикр намекарданд, ки инҷурӣ ин ҳодиса азимат пайдо кунад ва Худои мутаъол баракат ба ин ҳодиса бидиҳад, ки битавонад ҳуввияти динӣ ва инқилобии мардумро ҷилави чашми ҳама қарор бидиҳад ва ҳама бибинанд, ки ба маънои воқеии калима зери тобути шаҳид Сулаймонӣ миллати Эрон ҳуввияту ваҳдати худашро нишон дод.
Ишон афзуданд: Ин ҳаракати азими миллати мусулмонро ин нишон дод, ин ҳодиса - ҳодисаи азиме буд; яъне шаҳодати як шахсияти бузурге мисли шаҳид Сулаймонӣ аз назари душман ва аз назари ҳама як таҳдид маҳсӯб мешуд, аммо ин таҳдидро ғайрати миллат, миллати мусулмон, миллати Эрон табдил кард ба фурсат . Як фурсате шуд .

Раҳбари муаззами инқилоб таъкид карданд : Ғайрати динӣ дар он ҷое, ки худашро нишон медиҳад ва таъсиргузор аст, ҳамроҳ бо ақлоният ҳаст ва ғайрати динӣ асосан ношӣ аз басират аст, ки басират як шуъбае аз ақлоният аст ва нишондиҳандаи умқи диндорӣ аст ва дар ағлаби маворид ин ғайрати динӣ вақте Шумо нигоҳ мекунед мебинед ки бо он ақлоният ҳамроҳ аст . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд:  Шахсиятҳое ки бештарин ғайрати диниро доранд инҳо ғолибан дорои ақлонияти боло ҳастанд; намунааш шахси Имоми бузургвор, авҷи ғайрати динӣ буд. Воқеан ҳеҷ касро мо надидем ва нишнохтем, ки аз лиҳози нисбат ба дину фарҳанг, дину зиндагии динӣ, сабки зиндагии динӣ ва аҳкоми динӣ мисли Имоми бузургвор бошад .

 

Барчасп