Табрики раиси Ҷумҳур ва раиси Маҷлиси Эрон дар пайи пирӯзии тими миллии футбол
(last modified 2022-01-27T17:34:36+00:00 )
Январ 27, 2022 22:34 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳур ва раиси Маҷлиси Эрон дар пайи пирӯзии тими миллии футбол

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пирӯзии тими миллии футболи Эрон муқобили Ироқ ва роҳёбӣ ба Ҷоми Ҷаҳони 2022 Қатарро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паём афзуд: Пирӯзиҳои пай дар пай ва муқтадиронаи тими миллии футболи Эрон дар марҳалаи муқаддамотии интихобии Ҷоми Ҷаҳонӣ ва роҳёби ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар, мавҷе аз шодӣ ва хурсандиро барои миллати сарбаланди Эрон ба армуғон овард.

Муҳаммад Боқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳам дар паёме суъуди ифтихоромези ғаюрмардони тими миллии футбол ба мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ футболи 2022 Қатарро, ки сабаби шоди ва хурсандии мардум шуд, ба миллати Эрон табрик гуфт.

Тими миллии футболи Эрон рӯзи панҷшанбе дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон бо голи Маҳдӣ Торимӣ, Ироқро шикаст дод ва ба унвони нахустин тими осиёӣ ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар суъуд кард.

 

Барчасп