Идомаи ҳамкории байни гуруҳҳои фарҳангии Эрону Афғонистон
(last modified Sun, 13 Feb 2022 04:29:06 GMT )
Феврал 13, 2022 09:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкории байни гуруҳҳои фарҳангии Эрону Афғонистон

Мудири кулли ҳунарҳои намойишии Вазорати фарҳангу иршоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон бар идомаи ҳамкории байни гуруҳҳои фарҳангии Эрону Афғонистон таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ситоди хабарии ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷродири Ошно-мудири кулли ҳунарҳои намойишии Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ дар дидор бо гуруҳҳои намойишии Афғонистон гуфт : Намоиши « Тобут »-кори муштараки Афғонистону Эрон яке аз осори зиддиимпериалистии чиҳилумин ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷр аст .
Ошно афзуд : Ҷавонони фаҳиму баруманди Афғонистон аз тавоноии болое дар кори ҳунарӣ бархурдоранд .
Сенатор Ҳусайнӣ-коргардони намоиши Тобут низ дар ибтидои ин нишаст гуфт : Тамоми тамринҳои гуруҳ дар Теҳрон анҷом шуд .

Имодиддини Тоҷик -коргардони намоиши “Кӯҳи чиҳил духтар”-дигар кори муштараки Эрону Афғонистон, ки дар чиҳилумин ҷашнвораи байналмилалии театри Фаҷр ба намоиш даромад гуфт : Дар яке аз беҳтарини толорҳои намойишии шаҳри Теҳрон рӯйи саҳна иҷро доштем ва ин иттифоқи фархундаро ҳосили беҳбуди равобит ва тавваҷуҳи беш аз пеши пешинаи фарҳангӣ медонам . Чиҳилумин ҷашнвораи байналмилалии театри Фаҷр ба дабирии Ҳусайни Мусофириостона то 26 баҳман дар ҳоли баргузорӣ аст .