Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон ҷузви чанд қудрати дифоӣ барои амнияти минтақаву ҷаҳони Ислом аст
(last modified 2022-02-18T13:45:10+00:00 )
Феврал 18, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон ҷузви чанд қудрати дифоӣ барои амнияти минтақаву ҷаҳони Ислом аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҷузви чанд қудрати дифоӣ барои амнияти минтақаву ҷаҳони Ислом аст.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, иқтидори сиёсиву дифоӣ, илмӣ ва амният ва ин ҷойгоҳи фахрии Эрон дар ҷаҳони Ислом ва рӯиши андешаи ноби исломӣ, дастоварди нигоҳ ба ин ду аслу рукни асосии тавсеа ва пешрафт аст, ки бояд мавриди тавваҷуҳи мудирони аршаду миёнӣ ва ҳамаи ҷомеа бошад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки тамоми иқтидор ва дастовардҳои низом дар минтақаву ҷаҳон ва Эрони исломӣ дар тӯли 4 даҳаи гузашта марҳуни қадамҳое аст, ки дар роҳи тавсеа ва пешрафт бардошта шудааст, афзуд: Дастовардҳои ҳукмронии исломӣ тарбияти инсонҳое дастёфта ба қуллаҳои дониш ва бархӯрдор аз зиндагии моддиву ороста ба ахлоқ аст.

Ҳуҷҷатулислом Абутуробифард бо ишора ба суханони рӯзи гузаштаи Раҳбари муаззами инқилоб дар ҷамъи мардуми Табрез гуфт: Муаззамуллоҳ дар фармоишоташон ба ин ҳақиқат таъкид карданд, ки барои расидан ба ҳадафи тамаддуни исломӣ ва қуллаҳои он, зерсохтҳо бояд тавсеа пайдо кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, инқилоби исломии Эрон дар тӯли 4 даҳа дар сояи андешаи ноби диниву раҳбарӣ ва мудирияти мубтанӣ бар омӯзаҳои илҳомшуда, ба хусус шуҳадову хонаводаҳои онҳо, ҷонбозону исоргарони роҳро барои халқи қудрати амният фароҳам кардааст.

 

Барчасп