Бозтоби суханони мақоми муаззами Раҳбарӣ дар расонаҳои арабзабон
Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои арабзабонӣ минтақа ва ҷаҳон бозтоби густардае дошт ва дар садри ахбори бисёре аз хабаргузориашон ва расонаҳо қарор гирифт.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, рӯзи сешанбе, дар суханоне ба муносибати хуҷастаиди Мабъаси Паёмбари бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад(с), муҳимтарин ҳадяи Ислом ва Беъсат ба башариятро даъват ба "Тафаккур ва ақлоният" ва тазкия ва мафоҳими ахлоқӣ барои муқобила бо ҷоҳилият донистанд ва бо ишора ба шаклгирии ҷоҳилияти мудерн дар ғарб ба сурати созмонёфта ва бо абъоди густардатар таъкид карданд: Имрӯз мазҳари возеҳ ва комили ҷоҳилияти мудерн, режими мафиёии Амрико аст, ки асосан як режими бӯҳронсоз ва бӯҳронзист аст.
Шабакаи телевизиони "Ал-Аҳд"-и Лубнон бо интишор ва пахши комили баёноти Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ навишт, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ки Амрико бӯҳронсоз ва бӯҳронсизт ва асосан як режими мафиёӣ аст, ки шабакаҳои мафиёи сиёсӣ, иқтисодӣ ва аслиҳасозӣ дар даруни он аз густариши бӯҳронҳо дар ҷаҳон тағзия ва таъмин мекунанд.
Торнамоии шабакаи "Ал-Сумария Ниюз"-и Ироқ низ суханони Раҳбари муаззамин инқилоби исломиро дар садри хабарҳои худ қарор дод ва эълом кард, ки раҳбарони Эрон ончи дар Украина иттифоқ уфтод ва дар ҳоли вуқуъ астро натиҷаи мудохилаи Амрико донистанд.
Сомонаи шабакаи хабарии "Русия Ал-Явм" низ суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломиро бозтоб дод ва навишт ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ баён карданд, ки Амрико Укаринаро ба ин вазъ кашонд.
"Русия Ал-Явм" ба нақл аз ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: Ғарб аз илм ва фановарӣ барои куштан ва султагари мардум ва ишоъаи мункироти ахлоқӣ барои расидан ба манофеъи худ истифода мекунад.
Хабаргузории расмии Сурия "Соно" ҳам бо интишори суханони ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ин бахш аз суханронии Раҳбари инқилобро дар мавриди бӯҳрони Украина барҷаста кард ва навишт Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ гуфтанд, ки Украина қурбонии сиёсатҳои таншизои Амрико аст.
Дар гузориши хабаргузори расмии Сурия омада аст, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд Амрико бо дахолат дар масоили дохилии Украина, роҳ андохтани иҷтимоъот ва эҷоди табаддулоти махмалӣ ва рангӣ, ҳузури сенаторҳои амрикоӣ дар иҷтимоъоти муъоризон ва ҷо ба ҷо кардани давлатҳо, ин кишварро ба ин нуқта кашонд.
Хабаргузории "Ал-Маълума"-и Ироқ низ суханони Раҳбари муаззами инқилобро дар садри хабарҳои худ қарор дод ва бо титри "Украина қурбонии сиёсатҳои танишзои Амрико шуда аст", навишт ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико мубтанӣ бар танишофаринӣ шуда аст гуфтанд, ки Эрон мухолифи ҷанг ва вайронӣ дар ҳар минатақае аз ҷаҳон аст.
Сомонаи хабари таҳлилии "Мидел Ист Нюз" ҳам навишт оятуллоҳ Хоманаӣ зимни таъкид бар тарафдории Эрон аз тавақуфи ҷанг дар Украина решаи ин бӯҳронро дар сиёсатҳои Амрико донистанд.
Дар ин гузориш омада аст Раҳбари Эрон дар суханронии худ ба муносибати рӯзи Мабъаси Паёмбари Ислом(с), режими Амрикоро як режими буҳронсоз ва буҳронзист хонданд, ки аз буҳрон тағзия мекунад.
Шабакаи телевизиони "Ал-Маёдин" ҳам навишт Раҳбари Ҷумҳурии Исиломии Эрон гуфтанд, ки Украина қурбонии сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Амрико шуда ва он чи дар Украина иттифоқ меафтад натиҷаи сиёсатҳои Вашенгтон аст.