Лоббигарӣ набояд бар таъомули Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо Эрон таъсир бигузорад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо интишори матне дар сафҳаи маҷозии худ навишт: Ҳеҷ нуфӯзи сиёсӣ, лоббигарӣ ва дахолат дар умӯре, ки битавонад дар тасмимоту рафтор ва таъомули Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо Эрон таъсир бигузорад, набояд роҳ пайдо кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба дидор ва гуфтугӯи рӯзи шанбеи худ бо Рафоэл Гросси-мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Теҳрон дар ҳисоби инстаграмии худ навишт:Дар ин дидор ба баррасии масоили боқимонда дар сафарҳои қаблии мудири кулли Ожонс ба Эрон ва ҳамчунин таи ҳузури масъӯлони Созмони энержии атомии Эрон дар Вена пардохтем ва ба ин ҷамъбандӣ расидем, ки ҳадди аксар то хурдодмоҳ асноду мадорики лозим дар хусӯси масоили боқимондаи байни Созмони энержии атомии Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ мубодила шавад ва то рӯзи бозиҷро, ки ҷузви пешбиниҳои музокироти Вена аст, масоил ҳаллу фасл бишаванд .
Исломӣ афзуд: Барои Эрон ва Ожонс дорои аҳамият аст, ки масоил бояд дар риволи табиӣ ва дар чорчуби муқарраротии худаш анҷом бишавад .
Раиси Созмони энержии атомии Эрон тасреҳ кард : Бисёр хушбин ва умедвор ҳастем нуфӯзҳое, ки душманон сари роҳи тавсеъаи Эрон эҷод карданд ва ҳаракатҳои мухаррибе, ки душманон анҷом доданд ва намунаи боризи он иқдомоти террористӣ ва террори донишмандони ҳастаӣ будааст, мудири кулли Ожонс ҳамонанди гузашта маҳкум карда ва масиру таъомули ҷадиде, ки бо Ожонс поягузорӣ мекунем, муҷиби суръат бахшидан ба тавсеъаи атомии Ҷумҳурии исломии Эрон бишавад
.Исломӣ таъкид кард: Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бояд аз зарфияту таколифи қонунии худаш барои пуштибонӣ, шитоб бахшидан ва ҳимоят аз тавсеъаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ истифодаи ҳаддиаксарӣ дошта бошад.