Таҳлил: Интиқодҳо аз бархӯрди дугонаи кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар қиболи ҷанги Яман ва Украина
(last modified 2022-03-07T06:52:53+00:00 )
Март 07, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ ошкоро мавзеъи дугонае дар қиболи ҷанги Яман ва Украина иттихоз кардаанд
    Кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ ошкоро мавзеъи дугонае дар қиболи ҷанги Яман ва Украина иттихоз кардаанд

Муовини вазири хориҷаи Яман аз стондордҳо ва бархӯрди дугонаи бархе кишварҳои арабӣ дар қиболи ҷанги Яман ва Украина ба шиддат интиқод карданд. Бархе таҳлилгарон низ аз бархӯрди дугонаи кишварҳои ғарбӣ интиқод карданд.

Ҳусайн Ализӣ муовини вазири хориҷаи Яман рӯзи якшанбе дар саҳифаи Твиттер худ навишт: Таърих фаромуш нахоҳад кард, ки бархе кишварҳои арабӣ иқдом ба лағви виза барои Украинаҳо карда то ба онҳо дар ҳафтумин рӯзи ҷанг дар кишварашон эъломи ҳамдарди кунаанд, аммо ҷангеро, ки худ ба муддати ҳафт сол бар Яман таҳмил кардаанд идома медиҳанд.

Камтар аз 20 рӯзи дигар ҷанги Яман вориди ҳаштумин соли худ мешавад, ҷанге,ки дар 26 марти 2015 оғоз шуд ва токунун беш аз 4 миллион овора ва садҳо ҳазор кушта дар пай доштааст. Яманиҳо бо фаҷеҳтарин шароити инсонии қарни 21 дар асари ҷанги Эътилофи саъудӣ мувоҷеҳ шудаанд. Қатҳи, гуруснагӣ, ва бемори дар асари ин ҷанг шива пайдо карда ва бо ин ҳол, муҳосираи Яман тавассути саъудиҳо ҳамчунон идома дорад.

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз 12 рӯз пеш оғоз шуд. Агар чӣ ҳеҷ ҷанге пазирӯфта нест чаро, ки ғайри низомиён қурбониёни  аслии ҷангҳо ҳастанд, аммо сатҳи бӯҳрони инсони дар Украина ҳаргиз   қобили муқоиса  бо фоҷеъаи инсонии  Яман нест. Бо ин ҳол, бархе кишварҳои ғарбӣ, ки ё дасташон ба хуни яманиҳо оғуштааст ва ё дар қиболи фоҷеъаи инсонии Яман сукут кардаанд, дар қиболи оворагони украинӣ мавзеъи ҳуқуқи башарӣ гирифтаанд.

Давлати Иморот, ки дар 7 соли гузашта шарики Арабистони Саъудӣ дар ҷиноят алайҳи Яман буда акнун эълом кард марзҳои худро ба рӯйи оварагони Украина боз мекунад. Бархе кишварҳои арабӣ низ Русия ва Украинаро ба хештандори даъват ва мухолифати худро бо иқдоми низомӣ эълом кардаанд. Ин мавзеъагирӣ дар ҳоле аст,ки Яман кишвари мусалмон ва арабзабон аст ва мардуми он низ фақиртарин мардум дар минтақаи ғарби Осиё ҳастанд.

Мавзеъи дугона дар қиболи ҷанги Яман ва Украина сирфан марбут ба кишварҳои арабӣ нест. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, ки аз мудаъиёни ҳуқуқи башар ҳастанд низ ошкоро мавзеъи дугонае дар қиболи ин ду бӯҳрон иттихоз кардаанд. Дар ҳоле,ки ин кишварҳо ҷанги Русия алайҳи Украинаро шадидан маҳкум мекунанд ва расонаҳои вобаста ба онҳо низ борҳо  тасовири оворагони Украинаро мунташир мекунанд, 7-сол ҷанги Эътилофи саъудӣ алайҳи Яман бо як қатънома дар маҳкумияти Арабистон ҳамроҳ набуда ва камтар тасовире аз оворагони яманӣ дар расонаҳои онҳо мунташир шудааст.

Ин сиёсатӣ дугона ҳатто бо интиқодҳое дар маҳофили ғарбӣ мувоҷеҳ шуд. Ба ақидаи коршиносон, ҷанги Украина беш аз ҳар замони дигаре  стондордҳои кишварҳои ғарбиро бармало ка рда ва нишон додааст, ки чигуна онҳо дар баробари қатл ва хунрезӣ дар Яман сукут карда ва бо дидгоҳҳои нажодпарастона дар хусӯси ҷанги Украина мавзеъ мегиранд.

Ричард Бойд Барретт намояндаи парлумони Ирландия хитоб ба раҳбарони аврупоӣ дар суханоне гуфт: Амрико Инглис ва Фаронса ва дигарон Арабистони Саъудиро, ки худкоматарин режими ҷаҳони аст алайҳи Яман мусаллаҳ мекунанд. Беш аз 337 ҳазор нафар ғайри низомӣ  ва 10 ҳазор нафар кӯдак кушата шудаанд, оё ҳеҷ иқдоме алайҳи Амрико ,Британия ва Фаронса бобати мусаллаҳ кардани Сауъдӣ ё алайҳи худи Саъудӣ анҷом додааст?.

Албатта нахустинбор нест, ки ин кишварҳо ва ноибон онҳо дар ғарби Осиё мавзеъи дугонае дар ҳавзаи ҳуқуқи башарӣ гирифтаанд ва охирин бор низ нахоҳад буд. Тардиде нест, ки оворагони Украина бояд мавриди ҳимоят қарор бигиранд, аммо оворагони яманӣ ҳам ғайри низомиёнӣ бегуноҳе ҳастанд, ки қурбонии ҷанг ва бераҳми шудаанд, ҳуқуқи башарӣ ба абзоре барои таъқиби манофеъи ин кишварҳо табдил шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп