Таҳлилгари ҷаҳони араб: Ғарб оташи ҷанги Украинаро шуълавар ва ба дурӯғ номи Эронро меоварад
(last modified 2024-09-11T08:04:59+00:00 )
Сентябр 11, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгари ҷаҳони араб: Ғарб оташи ҷанги Украинаро шуълавар ва ба дурӯғ номи Эронро меоварад

Порс тудей - Таҳлилгари машҳури араб, аз нигаронии рӯзафзӯни Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз пешрафти Эрон дар саноати низомӣ хабар дод.

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари машҳури араб гуфт: Иттиҳомзании Амрико алайҳи Эрон мабнӣ бар ирсоли мӯшакҳои баллистик ба Русия, баёнгари нигаронии рӯзафзӯни Амрико НАТО аз пешрафтҳои низомии Эрон бавижа дар бахши мушакӣ аст, ки чолише барои НАТО ва ҷойгоҳи низомии он дар маёдини набард бавижа дар минтақаи Ғарби Осиё ба шумор меравад.

Ба гузориши Порс тудей, Атвон дар матлабе дар рӯзномаи “Раъй Ал Явм” бо ради иттиҳомоти матраҳ шудаи рӯзномаи амрикоии “The Wall Street Journal” мабни бар ирсоли мӯшакҳои баллистики Эрон ба Русия, навишт: Шигифт инки ин иттиҳом алайҳи Эрон дар шароите матраҳ мешавад, ки вазорати хориҷаи Амрико аз ирсоли ҷадидтарин маҳмӯлаи таслеҳотӣ ба арзиши 250 миллион доллар ба Украина хабар додааст.

Атвон дар ин матлаб бо ишора ба изҳороти намояндаи Эрон дар Созмони милал афзуд: Намояндаи Эрон дар Созмони милал ба шиддат ахбори мунташир шуда дар рӯзномаи амрикоии «The Wall Street Journal»-ро рад ва онро гумроҳкунанда ва беасос донист ва таъкид кард, ки Амрико, Фаронса ва Англия даст ба интишори ин ахбори дурӯғин задаанд.

Ба гуфтаи вай, давлати Амрико ҳамчунин ба дунболи интиқоли мӯшакҳои дурбурд ба Украина аст то ба василаи онҳо битавонад умқи хоки Русияро ҳадаф қарор диҳад, мавзӯе, ки Маскав онро дахолати мустақим дар ҷанг ва рад кардани ҳамаи хутути қирмизи худ медонад.

Атвон дар поён бо таъкид бар инки давраи Амрико ба сар омадааст, навишт: Чанд қутбии ҷадиде дар сатҳи ҷаҳон дар ҳоли зуҳӯр аст, ки ҷойгоҳи Амрико дар он монанди ҷойгоҳи императориҳои истиъмории гузашта аз ҷумлаи Фаронса, Британия, Португалия ва Белгия аст.

 

Барчасп