Март 15, 2022 15:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ду довари эронии тиру камон дар мусобиқоти осиёии Таиланд

Ду довар аз Эрон дар мусобиқоти тиру камони осиёии Таиланд қазоват хоҳанд кард.

Мусобиқоти осиёии Таиланд рӯзи гузашта (душанбе) ба сӯрати расмӣ бо тамрини камондорон дар Пхукети Таиланд оғоз шуд ва имрӯз марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот дар ҳоли баргузорист.

Ҳусайн Насиринажод, раиси эронии Кумитаи доварони Конфедерасиюни тирандозӣ бо камони Осиё дар ин мусобиқот ба унвони сардовар ҳузур дорад.

Ҳамчунин Довуди Неъматиниё дигар эронии ҳозир дар ин мусобиқот аст, ки ба унвони муовини сардовар дар ин рақобатҳо қазоват мекунад.

Мусобиқоти осиёии Таиланд то 28 исфандмоҳи 1400 идома дорад.

 

Барчасп