Набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон байни мусалмонон ихтилоф эҷод кунанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози таъассур аз ҳодисаи талх дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гуфт, набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон байни мусалмонон ихтилоф эҷод кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат изҳор кард касоне, ки душмани кардан аз ҷараёни такфири буданд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон бо суиистифода аз мавзуъоти қавмӣ ва мазҳабӣ байни мусалмонон ва мардуми Эрон бо ҳамсоягон ихтилоф бияндозанд, зеро ихтилофафканӣ аз равишҳои қадимии истеъморгарон аст.
Раисӣ таъкид кард, азизоне, ки шаҳид ва маҷруҳ шуданд аз талабаҳои ҷиҳодӣ, асаргузор, мухлис ва шинохташудаи Машҳад ва ҳошияи ин шаҳр буданд.