Набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон байни мусалмонон ихтилоф эҷод кунанд
(last modified Thu, 07 Apr 2022 07:25:50 GMT )
Апрел 07, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ тасреҳ кард, азизоне,ки  шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд аз талабаҳои ҷаҳодӣ, асаргузор, мухлис ва шинохта шудаи Машҳад ва ҳошияи ин шаҳр буданд
    Раисӣ тасреҳ кард, азизоне,ки шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд аз талабаҳои ҷаҳодӣ, асаргузор, мухлис ва шинохта шудаи Машҳад ва ҳошияи ин шаҳр буданд

Раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон бо ибрози таъсуф аз ҳодисаи талхи ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гуфт, набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон байни мусалмонон ихтилоф эҷод кунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Пойгоҳи иттилоъ расонии раёсат ҷумҳури, Сайид Иброҳим Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат изҳор кард, касоне, ки душмани карданд аз ҷараёни такфирӣ буданд.

Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон афзӯд, набояд иҷоза дод истеъморгарон ва мунофиқон бо суистифода аз мавзуоти қавмӣ ва мазҳабӣ байни мусалмонон ва мардуми Эрон бо ҳамсоягон ихтилоф биандозанд, зеро ихтилоф афкани аз равишҳои қадимии истеъморгарон аст.

Раисӣ тасреҳ кард, азизоне,ки  шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд аз талабаҳои ҷаҳодӣ, асаргузор, мухлис ва шинохта шудаи Машҳад ва ҳошияи ин шаҳр буданд.

 

Бештар бихонед: