Толибон ҳамла дар ҳарами мутаҳҳари Разавиро маҳкум кард
Давлати муваққати Толибон зимни маҳкум кардани ҳамла дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ( ъ ) эълом кард, ки ин кор рабте ба афғонҳо ва Афғонистон надорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, давлати муваққати Толибон ҳодисаи ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ( ъ )-ро маҳкум ва эълом кард ин ҳодиса рабте ба афғонҳо ва Афғонистон надорад .
Рӯзи сешанбе фарди мусаллаҳ ба силоҳи сард ( корд ) бо ҳамла ба се рӯҳонӣ дар саҳни Паёмбари аъзам ( с )-и ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ( ъ ) яке аз онҳоро ба шаҳодат расонд ва ду рӯҳонии дигарро захмӣ кард, ки ҳоли яке аз онҳо то кунун вазнин аст .
Ҳамлагар фарди 21 сола ба номи Абдуллатифи Муродӣ, узбактабор аст, ки як соли пеш ба сурати ғайриқонӯнӣ аз марзи Покистон вориди Эрон шуда ва сипас дар Машҳади муқаддас иқомат гузидааст .