Апрел 12, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори кордори сафорати Афғонистон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Эҳзори кордори сафорати Афғонистон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

Мудири кулли Осиёи Ҷанубии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон, нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот ба шиддат эътироз кард.

Дар пайи баргузории таҷамуъ дар муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот ва сангпартобкуниҳо ба ин маконҳои дипломати Сайид Расули Мусавӣ, мудири кулли Осиёи Ҷанубии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳирот ба шиддат эътироз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мусавӣ бо ёдоварии масъулияти давлатҳо дар барқарории амнияти намояндагиҳои дипломатӣ хостори бархурди қонунӣ бо ҳамлакунандагон ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Мудири кулли Осиёи Ҷануби Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ба иттилоъи кордори Афдғонистон расонд, ки то иттилоъи сонавӣ бахшҳои консулии намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистн фаъолиятҳои худро мутавақиф карданд то итминони лозим аз тарафи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар заминаи барқарории амнияти комили намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дода шавад.

 

Барчасп