Апрел 18, 2022 09:42 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз: Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз - душанбеи 29 фарвардин (18 апрели 2022) рӯзи таҷлилу такрими диловармардиҳову рашодатҳои персонали артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Номгузории 29 фарвардин ба номи Рӯзи Артиш аз ибтикороти имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Он ҳам дар шароите, ки артиши ҷумҳурии исломӣ бо коршиканиҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯ буд.

Ба муносибати 29 фарвардин - Рӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон суханронӣ кард. Режаи воҳидҳои намунаи артиши Эрон аз муқобили раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти олирутбаи артиши ҷумҳурии исломӣ дар ҷавори марқади имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон баргузор шуд.

Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон нақши муҳиме дар тақвияти тавони дифоӣ ва низомии Эрон дорад ва ҳамчунон аз манофеи ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои мухталиф дифоъ кардааст.

Бар асоси раддабандии ҷаҳонӣ, артиши Эрон дар соли 2022 дар радаи 14-уми эминии артиши қудратманди ҷаҳон қарор гирифтааст.

 

Барчасп