Июл 26, 2016 17:47 Asia/Dushanbe
  • Сиёҳнамоии Эрон аз ҷониби Арабистону Баҳрайн дар нишасти Иттиҳоди Араб

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ бори дигар иддаои сохта дар бораи дахолати Эрон дар кишварҳои арабиро такрор кард.

Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи душанбе дар нишасти Иттиҳоди Араб дар Нуакшот, пойтахти Мавритания бидунӣ ишора ба нақши пинҳони Оли Сауд дар ба вуҷуд омадани мунозиоти хунин дар минтақа ва бе он ки сухане аз равобити Арабистон бо Исроил бигӯяд, Эронро ба ҳимоят аз тундравӣ ва терроризм дар минтақа муттаҳам кард. Ҷубайр гуфт, мавзӯи Фаластин ҳамеша дар дастури кори Иттиҳоди Араб будааст. Ӯ дар ҳоле саъй дар таҳрифи воқеиятҳо дошт, ки он чӣ сабаби идомаи ҷиноёти Исроил шуда, ҳошияи амнест, ки Арабистон барои саҳюнистҳо фароҳам кардааст. Воқеият ин аст, ки Арабистон ҳеҷ гоҳ ба дунболи ҳалли масълаи Фаластин набуда ва агар ҳам тарҳи созишкоронае ироа карда, муҳтаво ва ҳадафи он мутобиқ бо тасбити ишғолгарии саҳюнистҳо ва мақсади он, нобуд кардани ҳувияти фаластинӣ ва наслкушии фаластиниён будааст. Ҳамин сиёсат дар Сурия низ ба шакли дигаре дунбол шудааст. Арабистон ҳамвора монеъ аз ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия шудааст. Дар мавриди Яман ҳам сиёсати Арабистон дар ҳамин мадор қарор гирифтааст. Дар воқеъ, сиёсати Арабистон дарҳам шикастани сангарҳои муқовимат дар муқобили режими Исроил будааст.  

Арабистон дар нишастҳое чун Иттиҳодияи Араб ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба ҷойи пардохтан ба сабабҳо ва омилҳои аслии буҳрон ва мушкилоти ҷаҳони Ислом ба дунболи судури баёния ҷиҳати террористӣ ҷилва додани муқовимати исломӣ дар Лубнон, тарроҳии тавтеа барои сарнагун кардани низоми Сурия ва иддаои сохтае алайҳи Эрон ҷиҳати эҷоди тафриқа дар минтақа будааст. Нишасти дирӯзи Нуакшот ҳам, ки аз ҳафтаҳо қабл бар рӯй он сармоягузорӣ шуда буд, аз ин ҷараён ҷудо набуд.  Вазири умури хориҷии Арабистон ва дар канори он намояндаи Баҳрайн дар ин ҷаласа талош карданд, то Эронро омили мушкилоту таҳдид дар минтақа нишон диҳанд.  Одил Ҷубайр дар ин нишаст муддаӣ шуд, дахолатҳои Эрон дар умури кишварҳои араб ва талош барои судури инқилоб бо усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар тазод аст ва боиси фитнаангезию барангехта шудани нигарониҳо мешавад. Муҳаммад ибни Муборак ибни Ҳомид Оли Халифа, муовини нахуствазири Баҳрайн ҳам иддаоҳои худро дар бораи Эрон такрор кард ва мубориза бо терроризмро бо муқобила бо он чӣ дахолати Эрон хонд, марбут донист.

Арабистон эътилофи намоишӣ барои мубориза бо терроризм ташкил дод, дар ҳоле ки ба ҷойи террористҳо мардуми ғайринизомию занону кӯдакон дар Яман зери бомбаборони ҷангандаҳои Саудӣ ба хоку хун кашида мешаванд. Сиёсатҳо ва хатоҳои Арабистон дар тарвиҷи афкори такфирӣ сабаб шуд, терроризм ва ифротгароӣ ба Ислом гиреҳ зада шавад, дар ҳоле ки Исломи ҳақиқӣ ин тафаккуроти ботилро наҳй кардааст. Арабистон дар ҳоли пора кардани ҷаҳони Ислом аст ва сиёсатҳояш пур аз тазод ва муғойири манофеи ҷаҳони Ислом, бар хилофи сулҳу амнияти байналмилалӣ аст. Арабистони Саудӣ бо рафторҳои ғайримантиқӣ фақат сабаби ташдиди бесуботиҳо дар минтақа шудааст. Изҳороти ғайрифаъоли саъудиҳо нишон медиҳад, онҳо дар буҳроне, ки худ дар минтақа ба вуҷуд овардаанд, гирифтор шудаанд ва фақат ба дунболи роҳе барои берун омадан аз он ҳастанд, вале ба ҷойи ислоҳи рафтори худ ба фикри  пӯшонидани хатоҳои худ мебошанд. Ин хатоҳо он қадар ошкор шудааст, ки сарони Иттиҳоди Араб ҳатто натавонистанд як иттифоқи назари зоҳирӣ аз худ нишон диҳанд, то ҷое ки иҷлоси дурӯзаи Иттиҳоди Араб ба нишасти якрӯза табдил шуд.

 

Барчасп