Апрел 28, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Барои наҷоти Қудси шариф аз ишғолӣ саҳюнистҳо, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии  Қудс номгузори карданд
    Барои наҷоти Қудси шариф аз ишғолӣ саҳюнистҳо, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори карданд

Сухангӯи Камиссияи амнияти милли ва сиёсати хориҷи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Мардуми дунё дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс фарёд истекборситезӣ ва дифоъ аз ҳақонияти мардуми Фаластинро сар хоҳанд дод.

Ҷумъа 29 апрели 2022 (9-урдубиҳишти 1401) мусодиф бо 27 Рамазон 1443 Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст. Ҳазрати Имом Хумайни (р) бунёдгузори кабири  Ҷумҳурии Исломии Эрон барои зинда мондани масъалаи сиёсии Фаластин ва эълони ҳамбастагии мусалмонони ҷаҳон бо фаластиниҳо ва басиҷи нерӯҳо барои наҷоти Қудси шариф аз ишғолӣ саҳюнистҳо, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии  Қудс номгузори карданд. 

Ба гузориши Садои Хуросон, Маҳмуд Аббосзода Мишкинӣ бо баёни инки режими саҳюнистӣ бӯҳрони машруъият ва ҳувияти дорад, дар бораи аҳамияти баргузории роҳпаймоии бо шукӯҳ дар ин рӯз ба ҳамаи разилатҳои сиёси эътироз мекунанд.

  • Намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ намоди иқдомоти ғайри инсонӣ ва ҷинояткоронае аст, ва дар масири уфул қарор дорад афзӯд: Режими саҳюнистӣ бо ишғолгариҳои худ дар саддади наслкушӣ дар манотиқи Фаластин аст аммо бояд бидонанд иқдомоти номашрӯъаш ба натиҷаи матлуб хатм нахоҳад шуд зеро фаластиниён тамом қад дар муқобили онҳо истодаанд.

Сухангӯи Камиссияи амнияти милли ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломми Эрон таъкид кард: Рӯзи ҷаҳонии Қудс- рӯзи дифоъ аз ормонҳои исломӣ ва инсонӣ аст, ки бар асоси он ҳамаи мардуми озодихоҳи дунё ба дунболи барпоии адолат ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп