Намояндаи Маҷлиси Эрон: Имом Хумайнӣ (раҳ) Фаластинро ба масъалаи ҷаҳони Ислом табдил кард
(last modified 2022-04-29T14:43:16+00:00 )
Апрел 29, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Маҷлиси Эрон: Имом Хумайнӣ (раҳ) Фаластинро ба масъалаи ҷаҳони Ислом табдил кард

Узви фраксиюни аҳли суннати Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, дидгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба масъалаи Қудс мавзуи Фаластинро ба масъалаи ҷаҳони Ислом табдил кард.

Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ гуфт, дидгоҳҳои мухталифе барои барқарории ҳуқуқи мардуми Фаластин матраҳ шудааст, аммо аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дидгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) дар хусуси масъалаи Фаластин боис шуд мавзуи Фаластин ба масъалаи ҷаҳони Ислом табдил шавад.

Узви фраксияи аҳли суннати Маҷлиси Шурои исломии Эрон афзуд, Рӯзи Қудс фурсате фароҳам карда то ҳарсола ҷамъи зиёде аз мардуми дунё дар дифоъ аз ҳаққи фаластиниён ва маҳкумияти ишғоли сарзамини Фаластин дар роҳпаймоӣ ширкат кунанд, ки баёнгари аҳамияти ин иқдоми сиёсиву таърихии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.

Раҳимии Ҷаҳонободӣ бо ишора ба ин ки номгузории рӯзи Қудс нишон аз нигоҳи илоҳӣ ва исломии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дорад, гуфт: Имрӯз режими саҳюнистӣ шароити осебпазире дорад, замоне онҳо иддаои аз Нил то Фурот доштанд, аммо акнун сарони ин режим дар садади ҳифзи маҳдудаи ишғолшуда ҳастанд.

 

Барчасп