Эрон ҳамлаи террористӣ ба артиши Миср дар саҳрои Синоро маҳкӯм кард
Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи террористии ахир ба артиши Миср дар саҳрои Сино, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз низомиёни ин кишвар шуд, маҳкӯм кард.
Хатибзода гуфт, муқобила бо падидаи шуми терроризм, ки муттаассифона дар кишварҳои мусулмон ва бо ҳимояти ҷараёнҳое аз берун, густариш ёфтааст, ниёзманди ҳамкории наздики кишварҳои минтақа бо якдигар аст.
Ҳамлаи рӯзи шанбеи террористӣ ба мавозеъи артиши Миср дар шарқи канали Суетс ба кушта шудани 11 сарбоз, аз ҷумла як афсари мисрӣ ва захмӣ шудани 5 тани дигар мунҷар шуд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи якшанбе дар баёнияе масъулияти ҳамлаи террористӣ ба низомиёни мисрӣ дар шарқи канали Суетсо бар ӯҳда гирифт.
Манотиқи мухталифи Миср, аз ҷумла шибҳи ҷазираи Сино дар солҳои ахир бавижа пас аз сарнагӯнии давлати Муҳаммад Мурсӣ тавассути артиши ин кишвар дар соли 2013 бо афзоиши ноамнӣ ва ҳамалоти террористӣ рӯбарӯ аст.
Афзоиши ноамнӣ ва ҳамалоти террористӣ дар Миср мӯҷиби норизоятии шадиди мардуми ин кишвар аз Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ, раисиҷумҳури кунӯнии Миср шудааст.