Қадрдонии амири Қатар аз истиқболу меҳмоннавозии Эрон
(last modified Fri, 13 May 2022 11:17:55 GMT )
Май 13, 2022 16:17 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии амири Қатар аз истиқболу меҳмоннавозии Эрон

Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар дар паёме твиттерӣ аз мизбонӣ ва истиқболи гарми Эрон дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон қадрдонӣ кард.

Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар дирӯз - панҷшанбе дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсиву иқтисодӣ барои дидор бо мақомоти аршади Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

Қатар яке аз кишварҳои ҳадаф ва боавлавият дар сиёсати хориҷии Эрон аст. Мурури таърихи равобити 2 кишвар нишон медиҳад, муносиботи Эрону Қатар ҳамвора амиқ ва рӯ ба рушд будааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, амири Қатар бомдоди ҷумъа бо интишори тасвире аз худаш дар канори раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Твиттер навишт: “Аз ҷаноби оқои Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои мизбонӣ ва истиқболи гарм дар ҷараёни сафарам ба Теҳрон ташаккур мекунам”.

Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, бо баёни ин ки дар ин сафар бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи абъоди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф гуфтугӯ кардааст, афзуд, мақомоти ду кишвар дар ҷараёни ин сафар перомуни роҳкорҳои тақвияти амнияту суботи минтақа бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти кунунии ҷаҳон ва минтақа низ табодули назар карданд.

Амири Қатар рӯзи панҷшанбе ҳам дар нишасти хабарии муштарак бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни ибрози ризоияту хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон, равобити 2 кишварро мустаҳкам, устувор ва мубтанӣ бар ҳусни ҳамҷаворӣ тавсиф карда буд.

Амири Қатар ҳамчунин дар дидор бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози хурсандӣ аз дуюмин сафари худ ба Эрон, ба ҷойгоҳи барҷастаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷаҳони Ислом ишора кард ва дар бораи равобити иқтисодии Эрону Қатар низ гуфт: "Кумитаи иқтисодӣ байни ду кишвар фаъол шуда ва умедворем то соли оянда ҳамкориҳои иқтисодӣ иртиқои қобили таваҷҷуҳе пайдо кунад.