Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурати густариши ҳамкориҳои тиҷории Эрону Булғористон
(last modified Mon, 23 May 2022 05:29:00 GMT )
Май 23, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар зарурати густариши ҳамкориҳои тиҷории Эрону Булғористон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бар зарурати талоши бештар барои густариши ҳамкориҳои тиҷории Эрону Булғористон таъкид кард.

Валислав Петруо, муовини вазири умури хориҷаи Булғористон, ки барои ширкат дар сеюмин даври ройзаниҳои сиёсии Эрону Булғористон дар Теҳрон ба сар мебарад, бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз афзоиши ҳаҷми равобити тиҷории ду кишвар дар соли гузашта, онро мутаносиб бо зарфияти иқтисодии ду кишвар надониста ва бо ишора ба заминаҳои ҳамкории ду тараф дар бахши энержӣ, транзит ва ҳамлунақли коло ва маводи ғизоӣ, бар зарурати талоши бештар барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ таъкид кард.

Вай ҳамчунин масоили муҳими минтақаӣ, ба вижа буҳрони Украинаро мавриди тавваҷуҳ қарор дод ва барои поёни ҳарчӣ сареътари ин ҷанг ибрози умедворӣ кард.

Музокироти лағви таҳримҳо ва ҳамчунин таъкид бар иродаи Эрон барои ҳусул ба як тавофуқи хуб аз дигари мавзуоти мавриди ишораи вазири умури хориҷа дар ин дидор буд.

Муовини вазири хориҷаи Булғористон дар ин дидор талошҳои дипломатӣ барои ҳусули тавофуқ дар музокироти ҳастаиро дар ростои манофеи ҳамаи тарафҳо донист.