Масъулияти авоқиби нақзи тавофуқи баргузории дидори дӯстонаи футбол бо Эрон бар уҳдаи Канада аст
(last modified 2022-05-25T03:46:40+00:00 )
Май 25, 2022 08:46 Asia/Dushanbe
  • Масъулияти авоқиби нақзи тавофуқи баргузории дидори дӯстонаи футбол бо Эрон бар уҳдаи Канада аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, масъулияти авоқиби нақзи тавофуқ дар хусуси шароити баргузории дидори тадорукотии тимҳои миллии футболи Эрону Канада бар уҳдаи тарафи канадаӣ аст.

Саиди Хатибзода дар бораи изҳороти сиёсии бархе аз давлатмардони канадаӣ дар хусуси дидори тадорукотии тимҳои миллии Эрону Канада афзуд: Ҳамоҳангии ин дидор мустақилан аз сӯи федератсияои футболи ду кишвар дар чорчӯби дидорҳои маъмули тадорукотии футбол сурат гирифтааст.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон гуфт: Муттаассифона, ба назар мерасад бар хилофи иддаоҳои намоишӣ, варзишитарин умур ҳам бозичаи ҷиҳатгириҳои ҳизбӣ ва ҷабҳабандиҳои сиёсӣ дар дохили Канада шудааст. Хатибзода таъкид кард, мавзеъгириҳо ва изҳори назарҳои манфии нахуствазири Канада ва бархе афроди дигар ҳокӣ аз тафаввуқи нигоҳи сирф сиёсӣ ва ҳизбӣ бар ҳамаи вуҷуҳи ҳукмронӣ дар Канада буда ва ба ҳамин далел рафтори мақомоти ин кишвар ба роҳатӣ бозичаи гуруҳҳои мухолифу Эронситез мешавад.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон афзуд, аз давлату федератсияи Канада интизор меравад, фориғ аз ҷавсозиҳо, дар асоси маншури ҳирфаии варзишу усули шинохташудаи Федератсияи ҷаҳонии футбол (Фифа), баргузории ин дидори тадорукотиро ба дур аз шоибаҳову ангезаҳои сиёсӣ ва низ фишорҳои таблиғотии мухолифон, таомулоти ғайрисиёсӣ миёни мардуми кишварҳо, осон кунад. Дидори тадорукотии тимҳои миллии футболи Эрону Канада қарор аст 6 июн дар Ванкувер баргузор шавад.

 

Барчасп