Май 30, 2022 18:29 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Афзоиши табодулоти тиҷоратӣ нишонгари таҳаввул дар равобити Эрон ва Тоҷикистон аст
    Раисӣ: Афзоиши табодулоти тиҷоратӣ нишонгари таҳаввул дар равобити Эрон ва Тоҷикистон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Афзоиши чорбаробарии табодулоти тиҷори нишонгари таҳаввул дар равобити Эрон ва Тоҷикисон аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарварии ҳайати баландпоя ба Теҳрон сафар карда аст, имрӯз мавриди истиқболи Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт.

Мақомоти аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон раисони Ҷумҳурии ду кишвар 17 санади ҳамкори дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ, фановариҳои нав, муҳити зист, варзишӣ, энергетика, қазоӣ, омӯзиш ва таҳқиқоти ва гардишгарӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо ишора ба ин ки баъд аз сафараш ба Тоҷикистон равобити ду кишвар ба шакле мутаҳаввил шуд, ки имрӯз фақат дар ҳавзаи тиҷоратӣ, афзоиши 4 баробари дар мубодилоти тиҷорати сурат гирифта аст, гуфт: Дар ҳавзаҳои дигар ҳам гомҳои хубе бардошта шуд ва тафоҳумномаҳо дар Душанбе имзо шуд.

Раисӣ хотирнишон кард имрӯз бо сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ва имзои тафоҳумномаҳои ҷадид байни ду кишвар тардиде нест, ки гоми баланд дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷорати ва ҳавзаҳои мухталифи энергетика, гардишгарӣ, маъдан ва илму фановари бардошта хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба вуҷуди назароти муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар бораи масоили минтақавӣ ва ҳамчунин ҳузур надоштани бегонагон дар минтақа изҳор кард, нигоҳ ин аст, ки ҳузури бегонагон ба ҳеҷваҷҳ амниятсоз набуда ва нахоҳад буд ва масоили минтақа бояд бо баргузории нишастҳо бо сарони минтақа ҳал шавад.

Раисӣ дар бораи Афғонистон низ гуфт: Назари муштараки Эрон ва Тоҷикистон ин аст, ки дар Афғонистон бояд оромиш, амният ва субот барқарор шавад ва ҳузури террористҳо дар ин кишвар нигаронкунанда аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин нишасти хабарии муштарак бо қадрдонӣ аз даъвати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар фаъол шудани бахшҳои хусусии ду кишвар таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Густариши ҳамкори дар минтақаҳои озод ва шаҳракҳои саноатии Эрон ва Тоҷикистон ба нафъи ҳарду кишвар аст.

 

Барчасп