Суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ (р)
(last modified Thu, 02 Jun 2022 04:32:21 GMT )
Июн 02, 2022 09:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳбарӣ муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар маросими имсоли солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) суханрони хоҳад кард
    Раҳбарӣ муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар маросими имсоли солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) суханрони хоҳад кард

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ аз суханронии Раҳбарӣ муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи иртиҳоли бунёнгузори Ҷумҳӯрии Исломиии Эрон хабар дод.

Чаҳордаҳуми хурдод 1401 ҳаҷрии шамсӣ ( чаҳоруми июни 2022 мелодӣ) солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайни (р) бунёнгузори  кабири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аст.

33 сол пеш дар чунин рӯзи Руҳуллоҳи Мӯсавии Хумайнӣ (р) раҳбарӣ кабири Инқилоби Исломӣ пас аз 87  сол зиндагӣи пурталош ва хастагинопазир, чашм аз ҷаҳон фурӯбаст ва ба дидори ҳақ шитофт.

Ба гузориши Садои Хуросон, Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ эълом кард, Раҳбарӣ муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар маросими имсоли солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) суханрони хоҳад кард.

Маросими 33-умин  солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) пас аз ду сол шароити хоси Короноӣ, имсол ба сурати ҳузӯри ва албатта риояти дастурамалҳои беҳдоштӣ баргузор хоҳад шуд.