Сафари вазири нерӯи Эрон ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 07 Jun 2022 09:17:25 GMT )
Июн 07, 2022 14:17 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири нерӯи Эрон ба Тоҷикистон

Вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар дуввумин иҷлоси об бо унвони « Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028  вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар дувумин иҷлоси сатҳи боло дар бораи об бо унвони «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 вориди Душанбе шуд.

Ҳадаф аз ин иҷлос кумак ба тасреъи иқдомот барои ҳалли буҳрони об дар сутӯҳи миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Ин нишаст аз рӯзи душанбе шашуми июн оғоз шуда ва то рӯзи чаҳоршанбе нуҳуми июн идома дорад.

Давлати Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва мушорикати дигар тарафҳо ин иҷлосро созмондиҳӣ кардааст.

Ҳадаф аз баргузории ин иҷлос таъкиди дубора бар ин аст, ки об ҳамчунон яке аз фавритарин масоил дар ҷаҳон аст.

Ин нишаст ба тақвияти ҳамкории кишварҳо ва ниҳодҳои зермаҷмӯаи Созмони Милали Муттаҳид барои пардохтан ба мавзӯи об ва мавзуоти муртабит бо он кумак мекунад.