Июн 18, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Ожонс дар ҷараёни комили иқдомоти Эрон дар муҷтамаи Натанз аст

Сухангӯи Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба бархе фазосозиҳои расонаҳои ғарбӣ дар хусӯси фаъолиятҳои ободонии Эрон дар атрофи сайти ҳастаии Натанз гуфт, бо вуҷӯди инки Эрон тааҳҳуде дар ироаи иттилооти фароподмонӣ надорад, аммо аз оғози иқдомоти ободонӣ барои ҷо баҷоии фаъолиятҳои корхонаи Караҷ ба атрофи сайти Натанз, Ожонси байналмилалии энержии атомиро дар ҷараён қарор додааст.

Рӯзномаи амрикоии"Ню-Йорк Таймс" рӯзи ҷумъа дар гузорише муддаӣ шуда буд, Эрон дар ҳоли ҳафри шабакаи густардае аз тунелҳо дар ҷануби сайти Натанз аст. Дар ин гузориш иддао шуда, ки Эрон дар аъмоқи кӯҳҳо таъсисоте эҷод мекунад то дар баробари бомбаборонҳо ва ҳамалоти электронӣ муқовимат кунад.

"Ню-Йорк Таймс" бо интишори ин гузориш саъй карда буд, фаъолиятҳои ободонии Эрон дар Натанзро иқдоме махфиёна ва таҳдидомез ҷилва диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Беҳрузи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки ин ҷобаҷоӣ бо ҳадафи афзоиши зариби ҳифозат аз таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон сӯратгирифта ва бо иттилои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ анҷом мешавад, хотирнишон кард, бо таваҷҷуҳ ба шафофияти комили иқдомоти Эрон, тардиде нест, ки фазосозиҳои расонаҳои вобаста ба ҷараёни саҳюнистӣ барои эҷоди ибҳому сӯиистифодаҳои сиёсӣ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Вай бо ишора ба амалиёти террористӣ, ки соли гузашта алайҳи корхонаи тавлиди сентрифугаи Караҷ сӯрат гирифт афзуд, бо таваҷҷуҳ ба тадовуми шароратҳо алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон тасмим гирифта шуд, тадобири амниятӣ бавижа дар хусӯси таъсисоти ҳассос ташдид шавад ва ба ҳамин далел амокини тавлиди сентрифуга бо ҳадафи афзоиши зариби ҳифозатӣ ва амниятии онҳо афзоиш ёфтааст.

Беҳрузи Камолвандӣ бо баёни инки ожонс дар ҷараёни комили ин тағйир ва таҳаввулот будааст, тасреҳ кард, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар иҷрои вазоифи сиёнатии худ кӯтоҳӣ дошта ба тавре, ки ҳатто дар ҳади маҳкӯм кардани иқдомоти террористӣ алайҳи таъсисоти Эрон низ иқдоме анҷом надод.

Вай хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле, ки ҳеҷ гӯна тааҳҳуди подманӣ(муқарарот) барои эъломи фаъолиятҳое, ки бо ҳадафи афзоиши қобилиятҳои падофанди ғайриомили таъсисоти ҳастаӣ ва эҷоди коргоҳҳои зерзаминӣ ба манзури интиқоли бахше аз фаъолиятҳо ба маконҳои ҷадид, надорад, аммо ҳамаи ин иқдомотро, ки ҳамчунон идома дорад ба иттилои ожонс расондааст.

 

Барчасп