Июн 21, 2022 14:19 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин медали дучархасавории Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё

Рикобзани эронӣ дар рақобатҳои дучархасавории қаҳрамонии Осиё ба медали бурунз расид то панҷумин медали Эрон дар ин мусобиқот касб шавад.

Сеюмин рӯз аз мусобиқоти дучархасавории қаҳрамонии Осиё ба мизбонии Ҳинд, дар шароите пайгирӣ шуд, ки Муҳаммад Ганҷхонлӯ, рикобзани Эрон ба мақоми сеюми ин рақобатҳо ва медали бурунз даст ёфт.

Дар ин мусобиқот Ҷопон ва Қазоқистон аввал ва дувум шуданд.

Бо медали имрӯзи Ганҷхонлу теъдоди медолҳои Эрон дар ин рақобатҳо ба адад 5 расид.

Рақобатҳои дучархасавории қаҳрамонии Осиё ба мизбонии шаҳри Деҳлии Нав аз 17 июн оғоз шудааст то рӯзи панҷшанбе идома хоҳад дошт.

 

Барчасп