Раҳбари муаззами инқилоб: Натиҷаи истодагии муқобили душманон пирӯзи аст
(last modified Tue, 28 Jun 2022 11:55:27 GMT )
Июн 28, 2022 16:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Натиҷаи истодагӣ муқобили душманон пирӯзи аст
    Раҳбари муаззами инқилоб: Натиҷаи истодагӣ муқобили душманон пирӯзи аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо раиси Қуваи қазоия ва ҷаъми аз масъулон ва коркунони дастгоҳи қазойи Эрон, натиҷаи истодагии муқобили душманонро пирӯзи ва пешрафт унвон карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ; ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ дар ин дидор бо табйини суннатҳои ғайри қобили тағири Илоҳӣ дар ҷомеъаҳо пардохтант ва гуфтанд: Иллати сарбаланди ва пирӯзии ҳайратовари миллати Эрон ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳодисаҳои бузург ва талхи соли 1360, истодагӣ ва талош ва натарсидан аз душманон буд ва ин суннати Илоҳӣ дар ҳамаи тавронҳо қобили такрор аст ва бояд бидонем Худованди соли 1401 ҳамон ҳамон Худованди соли 1360 аст.

Раҳбари муаззами инқилоб ба намунаҳоӣ аз суннатҳо ва қонунҳои Илоҳӣ дар Қуръон дар бораи натиҷаи ёрии дини Худо ва ё натиҷаи куфрони неъматҳои Худованди ишора кардан ва афзуданд: Қуръони Карим саршор аз мазомини марбут ба суннатҳои Илоҳӣ аст ва ҷаъмбандии онҳо ин аст, ки агар ҷомеъаҳо дар муқобили душманон истоданд ва бо тавакал бар Худованд ба вазифаҳои худ амал карданд натиҷаи он пирӯзи ва пешрафт аст, аммо агар дучори ихтилоф, офиятталаби ва сусти шаванд натиҷаи он шикаст хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба хушҳолии душман дар бархе замонҳо ба далели бархе заъфҳо ва камбудҳои дохилӣ таъкид карданд: Ҳам дар соли 1360 ва ҳам баъд аз он дар чор даҳҳаи гузашта, душман дар мавориди шод шуд ва умедвор шуд ва тасавур карда аст басоти инқилоб ва низом дар ҳоли ҷамъ шудан аст, аммо ин умедвори табдил ба ноумеди шуд ва мушкили онҳо ин аст, ки рози ин ноумедиро мутаваҷеҳ намешаванд.

Раҳбари муаззами инқилоб таъкид карданд: Душман наметавонад бифаҳмад, ки дар ин олам ба ғайр аз муҳосиботи сиёсӣ, муҳосиботи дигари ҳам вуҷуд дорад, ки ҳамон суннатҳои Илоҳӣ ҳастанд.