Июн 29, 2022 16:04 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Толибон нисбат ба муҷозоти омилони марзии Малик иқдом кунад
    Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Толибон нисбат ба муҷозоти омилони марзии Малик иқдом кунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз давлати мувақати Толибон хост нисбат ба равшан шудани абъоди мавзуъ ва муҷозоти омилони ҳодисаи шаҳодати марзбони эронӣ дар минтақаи марзии Малик, устони Систони Балучистон, ҷануби шарқи Эрон иқдом кунад.

Нерӯҳои марзи дар шимоли устони Систони Балучистони Эрон ва ҳам марз бо Афғонистон шомгоҳи сешанбе бо гуруҳи аз ашроре ки аз хоки Афғонистон қасти таъарруз ба хоки Эронро доштанд даргир шуданд, ки пас аз даргирии кутоҳ аз минтақа фирор карданж.

Дар ин даргирии мусалаҳона Муҳаммади Сайд аз нерӯҳои марзбонии Эрон ба сабаби зарбаи гулула ба шаҳодат расид.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе бо ибрози таъасуф нисбат ба шаҳодати Муҳаммади Саёди аз нерӯҳои пурифтихори марзбонии Эрон, афзуд: Абъоди ин ҳодиса дар ҳоли барраси аст ва ба маҳзи мушахас шудани дақиқи мавуъ иттилоърасони хоҳад шуд.

Сухангӯи Вазрати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории нишасти гуфтугӯҳои муштараки марзии Эрон ва Афғонистон таъкид кард: Аз мақомот ва масъулони ҳайат ҳокимаи сарпарасти Афғонистон интизор меравад дар ҷиҳати равшан шудани абъоди мавзуъ, муҷозоти омилон ва тадбири лозим барои пешгири аз вуқуи ҳодисаҳои мушобеҳ иқдоми ҷидди ба амал оваранд.

 

Барчасп