Кутоҳии ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар таъмини обаӣ Ҳирманд
Намояндаи мардуми Зоҳидон дар маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард: Ҳайати ҳокимаи Афғонистон токунӯн иқдоме барои таъмини ҳаққи обаӣ Ҳерманд анҷом надодааст.
Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақтии Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз обаи рӯдхонаи Ҳирманд муъодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албата дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф мутафовит мекунад.
Давлати қаблии Афғонистон, ки иддаои таъмини ҳаққи обаи Эронро дошт бо эҳдоси садди Камолхон дар устони Нимрӯз бар рӯи рудхонаи Ҳирманд, амалан монеъ аз иҷрои ин паймон шуд, ки хисоратҳои фаровонеро ба зиндагии инсонӣ, ҷонварӣ ва гиёҳии ҳавзаи пиромуни рӯдхонаи Ҳирманд дар хоки Эрон ба хусӯс дар устони Систон ва Балуҷистон ворид кард.
Ҳусайналии Шаҳриёрӣ дар хусӯси зарурати таъмини ҳаққобаи рудхонаи Ҳирманд мутобиқи канвонсиюнҳои байналмиллалӣ аз сӯи кишвари Афғонистон, гуфт: Ҳайати ҳокимаи Афғонистон токунӯн иқдоме барои таъмини ҳаққоба анҷом додааст.
Намояндаи мардуми Зоҳидон дар маҷлиси Шӯрои Исломӣ бо ишора ба музокироти анҷом шуда бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар хусӯси ҳаққоба, афзӯд: Замоне метавон натиҷаи музокиротро мусбат талқи кард, ки об раҳосози шавад ва мушкилоти мардум дар ҳавзаи таъмини оби шарб ва кишоварзӣ бартараф шавад.
Шаҳриёрӣ бо ёдоварии ин, ки оби Систон ва Балуҷистон аз дарёчаи Ҳомун ва рӯди Ҳирманд таъмин мешавад, гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба шароити кунӯни, шоҳиди хушк шудани дарёчаи Ҳомун низ ҳастем.