Бомбборони шимиёии Сардашт, авҷи вақоҳат режими Саддом дар ҷанги таҳмили алайҳи Эрон буд
(last modified 2022-07-04T07:43:38+00:00 )
Июл 04, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Бомбборони шимиёии Сардашт, авҷи вақоҳати режими Саддом дар ҷанги таҳмили алайҳи Эрон буд
    Бомбборони шимиёии Сардашт, авҷи вақоҳати режими Саддом дар ҷанги таҳмили алайҳи Эрон буд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯриии Исломии Эрон, бомбборони шимиёии Сардаштро авҷи вақоҳати режими Саддом дар ҷанги таҳмили алайҳи Эрон тавсиа кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар Твиттер дар бораи бумбборони шимиёии Сардашт навишт: Бомбборони шимиёии Сардашт, авҷи вақоҳати режими Саддом дар ҷанги таҳмили алайҳи Эрон буд.

Вай афзӯд: Сукут ва ҳамдастии муддаиёни ҳуқуқи башар дари ин ҷинояти ваҳшиёна ва мағоир бо ҳуқуқи байналмиллалӣ, ҳаргиз аз хотири миллати бузурги Эрон фаромуш нахоҳад шуд. Рӯзи миллии муболриза бо салоҳои шимиёӣ ва биолужикро гироми медорем.

Амирабдуллоҳиён пеш аз ин дар паёме ба муносибати солгарди бомбборони шимиёии Сардашт тасреҳ кард: Вазорати умури хориҷаи Эрон аз ҳеҷ талоште барои аҳқоқи ҳуқуқи шуҳадо ва ҷонбозони шимиёӣ аз маҷори зеррабти ҳуқуқи байналмиллалӣ, фурӯгузор накарда ва нахоҳад кард.

 

Барчасп