Таслеҳоте, ки болгардҳои пешрафтаи дунё доранд, бар рӯйи болгардҳои сохти Эрон низ насб шудааст
(last modified 2022-07-06T08:42:04+00:00 )
Июл 06, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Таслеҳоте, ки болгардҳои пешрафтаи дунё доранд, бар рӯйи болгардҳои сохти Эрон низ насб шудааст

Фармондеҳи ҳавонерӯзи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, таслеҳоте, ки болгардҳои пешрафтаи дунё доранд, бар рӯйи болгардҳои сохти Эрон низ насб шудааст.

Сартип халабон Юсуфи Қурбонӣ бо ишора ба расади таҳдидот ва барӯзрасонии таҷҳизоти ин ягони амалиётӣ гуфт: Имрӯз яке аз муҳимтарин рӯйкардҳои ҳавонерӯз нигоҳ ба таҷҳизоти рӯзи душманону расади таҳдидоти эҳтимолӣ дар ин ҳавза аст, аз ин рӯ зимни шиносоӣ ва расади таҳдидоти зиддиболгардӣ ва сомонаҳои ҳавоӣ, тавони размии худро иртиқо медиҳем.

Амири сартип Қурбонӣ ҳамчунин гуфт, таслеҳоти бурди баланд, мушакҳои ҳушманду нуқтазан, ихлолгарҳои радарӣ ва сомонаҳои дид дар шаби пешрафта аз ҷумлаи мавориде аст, ки болгардҳои сохти Эрон ба он муҷаҳҳаз шудаанд.

Фармондеҳи ҳавонерӯзи артиш хотирнишон кард, тамоми пешрафтҳову дастовардҳои арзишманде, ки имрӯз ҳавонерӯз аз он бархӯрдор аст, ба воситаи талоши шабонарӯзии мутахассисони эронӣ ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои дохилӣ эҷод шудааст.

 

Барчасп