Июл 11, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳамаи хадама ва  малавонони шиновар дар сиҳат ва саломати комил ҳастанд
    Ҳамаи хадама ва малавонони шиновар дар сиҳат ва саломати комил ҳастанд

Як фарванди шиновари тиҷорӣ бо имдодрасонии нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ наздики савоҳили Порсиёни Халиҷи Форс аз ғарқ шудан наҷот ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин шиновар бореро ки аз мақсади бандари Дубай Иморот  ба самти бандари Генова бо 100 тона бор лавозими хонагӣ дар ҳаракат буд дар мавқеияти наздики савоҳили шаҳристони Порсиён дучори обгирифтагии шадид мешуд ва дархост кумак кард, ки бо ҳузӯри ба мавқеъ ва кумак расонии шиноварҳои Новтип 412 Зулфиқор минтақаи чаҳоруми нерӯии дарёии Сипоҳ аз ғарқ шудан наҷот ёфт.

Бар ҳамин асос, ин шиновари тиҷорӣ барои анҷоми таъмироти марбута ва рафъи мушкили мутурии пеш омада ба искилеи бандари Порсиён мунтақил шуд ва ҳамаи хадама ва  малавонони шиновар дар сиҳат ва саломати комил ҳастанд.

Малавонон ва хадамаи шиновари тиҷорӣ аз инқдоми ҷаҳодӣ ва инсондустонаи диловарони аз ҷон гузаштаи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ташаккур ва қадрдонӣ карданд.

Барчасп