Паёми ҳушдоромези Сипоҳи посдорон дар вокуниш ба газофагуиҳои Байден
(last modified Thu, 14 Jul 2022 15:58:04 GMT )
Июл 14, 2022 20:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми ҳушдоромези Сипоҳи посдорон дар вокуниш ба газофагуиҳои Байден
    Паёми ҳушдоромези Сипоҳи посдорон дар вокуниш ба газофагуиҳои Байден

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, паёми ҳушдоромез дар вокуниш ба газофагуиҳои раиси Ҷумҳурии Амрико мабни бар эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба марказҳои ҳастӣ Эрон ба унвони охирин гузина мунташир кард.

Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико, ки ин ҳафта дар сафари минтақавӣ вориди сарзаминҳои ишғоли шуда аст иддаоҳои дуруғини мақомоти амрикоӣ зидди барномаи сулҳомези ҳастаӣ Эронро такрор кард.

Байден ҳамчунин ҳамсу бо таваҳумоти сарони режими саҳюнистӣ имкони ҳамла ба таъсисоти ҳастӣ Эронро матраҳ кард.

Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ имрӯз бо интишори паёми дар вокуниш ба газофагуиҳои Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико ҳушдор дод сабри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари иқдомоти ғарб ва мавзеъгириҳои сиёсии Ожонси байналмиллали атомӣ то абад идома пайдо нахоҳад кард.

Сипоҳи посдорон дар иқдоми қобили таъамул аз ҳаштаги #боздорандаги-ҳастаӣ дар ин паём истифода кард.