Июл 15, 2022 16:30 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии баскетболистҳои Эрон баробари Қазоқистон

Тими миллии баскетболи Эрон дар дуюмин бозии худ дар марҳалаи гуруҳии бозиҳои қаҳрамонии Осиё бо натиҷаи 96 - 60 Қазоқистонро шикаст дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар идомаи мусобиқоти баскетболи 2022 қаҳрамонии Осиё, ки ба мизбонии кишвари Индонезия дар Ҷакарта баргузор мешавад, имрӯз (ҷумъа) тими миллии Эрон ба масофи Қазоқистон рафт ва бо натиҷаи 96 бар 60 ба пирӯзӣ расид.

Ин бурд дар ҳоле ба даст омад, ки Эрон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Ҷаҳонӣ ду бор натиҷаро ба Қазоқистон вогузор карда буд.

Натиҷаи муқтадиронаи имрӯз ба навъе интиқом аз ду бохти қаблӣ баробари қазоқҳо буд. Эрон, ки дар бозии нахуст баробари Сурия ба пирӯзӣ расида буд, барои касби садрнишинии гуруҳи сеюм рӯзи якшанбе ба масофи Ҷопон меравад.

Австралия, Баҳрайн, Чин, Тайван, Ҳинд, Эрон, Ҷопон, Урдун, Қазоқистон, Корея, Лубнон, Зелландияи Нав, Филиппин, Арабистон, Сурия ва Индонезия 16 тими ҳозир дар қаҳрамонии Осиё 2022 ҳастанд.

 

Барчасп