Июл 23, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Шикасти рекорди вазнбардории Осиё тавассути варзишкори эронӣ
    Шикасти рекорди вазнбардории Осиё тавассути варзишкори эронӣ

Рақобатҳои вазнбардории ҷавонон ва навҷавонони Осиё бо касби медали тилло ва рекордшикании варзишкори эронӣ идома ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин мусобиқот, ки ба мизбонии Узбакистон дар ҳоли баргузори аст Алиризо Муъинӣ варзишкори эронӣ дар дастаи 89 килограми ҷавонон дар як зарба бо сабти рекорди 166 килограм зимни шикастани рекорди Оисё муваффақ ба касби медали тиллои ин даста шуд.

Алиризо Муъинӣ дарҳаракати ду зарба низ амалкарди чашмгир дошт ва дар ниҳоят ба медали нуқра ҳаракати ду зарба ва тиллои маҷмуъи дастаи 89 килограми расид.

Алӣ Кишткор дигар намояндаи Эрон дар дастаи 89 килограмии ҷавонон низ дар ҳакати ду зарба бо маҳори вазни 189 килограми медали биринҷии ду зарб ва маҷмуъи ин даста расид.

Кишткор бо сабти маҷмуъи 327 килограм ба кори худ дар дастаи 89 килограми поён дод ва ба сакуи севум расид.

Кишткор дар ҳаракати якзарбаи дастаи 89 килограми низ бо маҳори вазни 141 килограм ба мақоми панҷум расида буд.

 

Барчасп