Тавофуқи Эрон бо давлати Ироқ барои эъзоми густардаи зоирони Атаботи олиёт дар моҳи муҳаррам
(last modified 2022-07-26T10:16:21+00:00 )
Июл 26, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон бо давлати Ироқ барои эъзоми густардаи зоирони Атаботи олиёт дар моҳи муҳаррам

Раиси Ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ аз тавофуқи Эрон бо давлати Ироқ барои эъзоми густардаи зоирони Атаботи олиёт дар моҳи муҳаррам хабар дод.

Ройзаниҳои густардае байни мақомоти эрониву ироқӣ барои эъзоми зоирони Атаботи олиёт дар моҳҳои ахир анҷом шудааст.

Пешбинӣ мешавад, ҳузури ошиқони Ҳусайнӣ дар маросими Арбаини имсол аз кишварҳои мухталиф пуршукӯҳтар аз солҳои гузашта бошад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати кишвар, Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, раиси Ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ гуфт, бар асоси тавофуқ бо давлати Ироқ зоирони Атаботи олиёт метавонанд дар айёми моҳи муҳаррам низ ба ду шакли инфиродӣ ва гуруҳӣ бидуни ҳеҷ маҳдудияте аз марзҳои заминии Меҳрону Шаламча ба суӯрати инфиродӣ ё корвонӣ озими шаҳрҳои муқаддаси Наҷаф ва Карбало шаванд.

Раиси Ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ ҳамчунин гуфт, шароити мавриди ниёзи убур аз марзҳои заминӣ доштани гузарномаи муътабар ба ҳамроҳи корти воксани корона аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп