Эътирози Эрон ба Шурои амният ва Гутерриш дар хусуси изҳороти ҷангталабонаи сарони режими саҳюнистӣ
(last modified Tue, 02 Aug 2022 06:15:56 GMT )
Август 02, 2022 11:15 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Эрон ба Шурои амният ва Гутерриш дар хусуси изҳороти ҷангталабонаи сарони режими саҳюнистӣ

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар номае ба раиси Шурои амният ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба изҳороти ҷангталабонаву таҳдидомези сарони режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон эътироз кард.

Маҷиди Тахтиравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ дар ин нома бо ишора ба изҳороти ахири мушовири амнияти миллӣ ва раиси Шурои амнияти миллии режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон эълом кард, ки режими Исроил ҳамчунон ба таҳдид ба истифода аз зӯр алайҳи Эрон идома медиҳад.

Вай афзуд, ин изҳорот ошкоро масъулияти амалиётҳои харобкоронаву иқдомоти террористии режими Исроил дар Эронро таъйид мекунад.

Дар ин нома ишора шудааст, ки дар мусоҳибае дар 14 июли 2022 Иёл Ҳулото, раиси Шурои амнияти миллии режими Исроил ошкоро Эронро ба амалиёти террористии бештар таҳдид кард ва гуфт: «Мо дар тӯли як соли гузашта дар Эрон ба нудрат амал кардаем».

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки "Исроил бидӯни тавваҷуҳ ба назари Вашингтон дар мавриди ин мавзуъ мустақиллан алайҳи Ҷумҳурии исломӣ амал хоҳад кард" афзуд: «Ин танҳо идомаи коре аст, ки дар соли гузашта анҷом додааст».

Дар ин нома таъкид шудааст, ки ин изҳороти таҳрикомез на танҳо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва маншури милали муттаҳид аст, балки эътирофи ошкор ба масъулияти амалиёту иқдомоти террористии режими Исроил алайҳи мақомоту донишмандони эронӣ ва зерсохтҳои сулҳомези ҳастаии Эрон аст, ки тавассути ин режим дар солҳои ахир дар дохили хоки Эрон сурат гирифтааст.

Ҳамчунин ин воқеиятро собит мекунад, ки режими Исроил масъули ин гуна иқдомоти ҷинояткорона ва террористӣ аст ва бояд посухгӯ бошад ва авоқиби чунин ҷиноётеро бипазирад.

Дар ин нома ҳамчунин ба изҳороти ахири Бени Гантс, вазири ҷанги режими Исроил ишора шуда, ки бори дигар ба дурӯғу маъракаи иттилооти нодуруст алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон мутавассил шуда ва дар мусоҳибае дар 26 июли 2022 муддаӣ шудааст, ки Исроил тавоноии осеби ҷиддӣ ва ба таъвиқ андохтани барномаи ҳастаии Эронро дорад.

Дар ин нома аз Созмони Милал ва Шӯрои амният хоста шудааст, ки ба маншури худ барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ пойбанд бошад ва сиёсати ҷангафрӯзона ва иқдомоти бадхоҳонаи режими саҳюнистиро маҳкум кунад.     

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп