Август 11, 2022 12:09 Asia/Dushanbe
  • Вазири  нерӯи Эрон ҳамчунин бо Мавлавӣ Амрихони Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон дидор кард
    Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин бо Мавлавӣ Амрихони Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон дидор кард

Вазири нерӯи Эрон дар сафар ба Афғонистон бо сарпарасти Вазоратхонаҳои энергия ва об ва умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.и

Ба гузориши Садои Хуросон Алиакбари Меҳробиён вазирии нерӯи Эрон бо Мавлавӣ Абдулатифи Мансур сарпарасти Вазорати энергия ва оби Афғонистон дидор кард.

Дар дидорни Меҳробиён бо Мавлавӣ Абдулатифи Мансур масъалаи муртабит бо об ва ҳамкориҳо дуҷониба дар заминаи барқ ва энергия баҳс ва табодули назар шуд.

Пас аз ин дидор коргурӯҳи тахасусии коршиносони об ва барқ бо ҳузӯри намояндагони дукишвар низ дар Вазорати энергия ва оби Афғонистон ташкил хоҳад шуд.

Вазири  нерӯи Эрон ҳамчунин бо Мавлавӣ Амрихони Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон дидор кард.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон дар ибтидои ин дидор бо ишора ба муштаракоти фаровони  байни Эрон ва Афғонистон хостори ҳамкориҳои муштарак байни дукишвар дар ҳама арсаҳо шуд.

Амирхони Муттақӣ бо ишора ба равобити хуби байни Эрон ва Афғонистон дар як соли гузашта аз кумакҳои Эрон ба мардуми ранҷдидаи Афғонистон дар моҳҳои ахир қадрдонӣ кард.

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳамчунин гуфт: Эрон таҷрӯбаҳои зиёде дар арсаҳои мухталиф дорад ва мо хостори истифода аз таҷрӯбиёти Эрон ҳастем.

Алиакбари Меҳробиён вазири нерӯи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар садри  як ҳайати баландпоя вориди Кобул шуд.

 

 

 

Барчасп