Бозиҳои кишварҳои Исломӣ, касби медали таллои куштии фарҳангӣ барои Эрон
(last modified Sat, 13 Aug 2022 09:02:57 GMT )
Август 13, 2022 14:02 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадризои Рустамӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 9 бар сифр  Шаҳрӯз Очилов аз Тоҷикистонро шикаст дод
    Муҳаммадризои Рустамӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 9 бар сифр Шаҳрӯз Очилов аз Тоҷикистонро шикаст дод

Муҳаммадризои Рустамӣ дар вазни 72 килограм, медали таллои куштии фарҳангӣ дар бозиҳои кишварҳои ҳамбастагии Исломиро ба даст овард.

Ба гузориши Садои Хуросон, мусобиқоти радабандӣ ва финоли панҷ вазни нахусти рақобатҳои кушти фарҳангии  бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ асри ҷумъа дар  шаҳри Қунияи Туркия дар ҳоли баргузори аст.

Дар вазни 72 килограм Муҳаммадризои Рустамӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 9 бар сифр  Шаҳрӯз Очилов аз Тоҷикистонро шикаст дод. Вай дар даври  баъд дар марҳилаи нимаи ниҳоӣ бо натиҷаи 7 бар 4 аз  Мирзобек Раҳматов аз Узбакистон гузашт ва ба дидори финол роҳ ёфт. Рустамӣ бо натиҷаи 9 бар 8 муқобили  Улӯ Ғанизода аз Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ба пирузӣ расид ва ба медали талло даст ёфт.

Дар вазни 97 килограм  Маҳдии Боли низ пас аз истироҳат дар даври аввал, дар даври дуввум бо натиҷаи 10 бар сифр Ориф Нефтуллоев аз Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро мағлуб кард. Вай дар давраи баъд ва дар марҳилаи нимаи  ниҳоӣ бо натиҷаи 7 бар 3 муқобили  Узур Жулдушбеков  қаҳрамони Осиё аз Қирғизистон мағлуб шуд ва ба дидори радабанди рафт. Вай дар ин дидор бо натиҷаи 4 бар сифр  Адам Будҷамелин аз Алҷазоирро мағлуб кард ва соҳиби медали биринҷи шуд.

Панҷумин давраи бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои Исломӣ, ки аз нуҳуми август дар Кунияи Туркия оғоз шудааст, ти 18-уми август идома дорад.