Набарди қаҳрамононаи размандагони Ислом дар дифоъи муқаддас дар хотираи таърихии миллати Эрон мондгор аст
(last modified 2022-08-13T11:44:37+00:00 )
Август 13, 2022 16:44 Asia/Dushanbe
  • Набарди қаҳрамононаи размандагони Ислом дар дифоъи муқаддас дар хотираи таърихии миллати Эрон мондгор аст
    Набарди қаҳрамононаи размандагони Ислом дар дифоъи муқаддас дар хотираи таърихии миллати Эрон мондгор аст

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Рашодат, ҷиҳод, исоргарӣ ва набарди қаҳрамононаи размандагони Ислом дар дифоъи муқаддас дар хотираи таърихии миллати Эрон мондгор аст ва чун ситорае медурахшад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз равобит умумии артиш, генерал Киюмарси Ҳайдарӣ бо ишора ба ришодатҳои размандагони Ислом ба вижа коркунони нерӯи заминии артиш дар посухгуӣ ба таҷовузи ваҳшинёнаи режими Баъс гуфт: Нерӯи заминии артиш дар даврони дифоъи муқаддас ин ифтихорро дошт, ки 46 ҳазор шаҳидро  тақдими истиқлол ва дифоъ аз тамомияти сарзамини кишвар кунад.

Генерал Ҳайдарӣ афзуд: Бояд манша, равиш ва зиндагиномаи шуҳадо, ҷонбозон ва размандагони Исломро барои ҳамаи ҷомеъа ба вижа насли ҷавон баён кунем.

Фармондеҳи нерӯи заминии артиш афзуд: Имрӯз дар созмони ҳифзи осор ва нашри аризшҳои дифоъи муқаддаси артиш ва нерӯи заминӣ фаъолиятҳои густардае сурат гирифт то ёду хотираи шуҳадои азиз ва ёдгорони дифоъи муқаддас барои ҷомеъаи исломӣ эҳё ва равиши рафторашон баён шавад то наслҳои оянда бо ин равишҳои арзишманд иртибот барқарор кунанд.

 

Барчасп