Эрон иқдоми террористӣ дар масҷиди Кобулро маҳкум кард
(last modified Thu, 18 Aug 2022 04:03:04 GMT )
Август 18, 2022 09:03 Asia/Dushanbe
  • Бар асари ин  инфиҷор 30 нафар ҷон бохта ва 40 нафар захмӣ шудаанд
    Бар асари ин инфиҷор 30 нафар ҷон бохта ва 40 нафар захмӣ шудаанд

Сухангуи Вазорати умурии хориҷаи Эрон инфиҷори террорстӣ дар масҷиди Кобул, пойтахти Афғонистонро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз  идораи кулли иттилоърасони ва умури сухангуи Вазорати умури хориҷа,  Носир Канъонии Чоқи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе зимни ибрози ҳамдарӣ бо хонаводаи шуҳадои инфиҷор дар масҷиде дар Кобул, ки мунҷар ба шаҳодат ва ҷароҳати мардуми намозгузор шуд, ин иқдоми террористиро маҳкум кард. Бар асари инфиҷори рӯзи гузашта дар масҷиди Сидиқия дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул 30 нафар ҷон бохта ва 40 нафар захмӣ шуданд. 

Аз замони ба қудрат расидани давлати муваққати Толибон дар Афғонистон,ин кишвар шоҳиди даҳҳо ҳамла ва инфҷори террористӣ буда, ки масъулияти аксари онҳоро гурӯҳи террористии ДОИШ бар уҳда гирифтааст. Бо ин ҳол давлати муваққати Толибон дар Афғонистон бо кам аҳамият хондани гурӯҳи террористии ДОИШ ваъда дода аст, ки ин гурӯҳи террористиро саркуб кунад.

Вуқуъи ҳамалот ва инфиҷорҳои мутаъаддиди террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон нишон медиҳад, ки бар хилофи идаои давлати муваққати Толибон, ин давлат натавониста амнияти лозимро дар манотиқи мухталифи ин кишвар барқарор кунад.