Се имтиёзи ширин барои ободониҳо дар рӯзи голзании муҳоҷими тоҷикистонӣ+видео
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i90386-Се_имтиёзи_ширин_барои_ободониҳо_дар_рӯзи_голзании_муҳоҷими_тоҷикистонӣ_видео
Тимҳои футболи Ҳаводор ва Санъати Нефти Ободон дар чорчӯби ҳафтаи сеюми мусобиқоти футболи Лигаи бартари бошгоҳҳои Эрон аз соати 19 рӯзи ҷумъа дар варзишгоҳи Поси Қавомин ба масофи ҳам рафтанд, ки ин дидор бо пирӯзии як бар сифри Нефти Ободон хотима ёфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 27, 2022 12:12 Asia/Dushanbe

Тимҳои футболи Ҳаводор ва Санъати Нефти Ободон дар чорчӯби ҳафтаи сеюми мусобиқоти футболи Лигаи бартари бошгоҳҳои Эрон аз соати 19 рӯзи ҷумъа дар варзишгоҳи Поси Қавомин ба масофи ҳам рафтанд, ки ин дидор бо пирӯзии як бар сифри Нефти Ободон хотима ёфт.

Шериддин Бобоев дар дақиқаи 80 занандаи так голи Санъати Нефт буд. Ин бозикун дар ҳафтаи ҷорӣ ба узвияти тими Санъати Нефт даромад ва дар нахустин бозии худ дар ҷамъи тиллопӯшон муваффақ ба голзанӣ шуд.