Ҳафтаи фарҳангии Кошон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад
Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО аз баргузории ҳафтаи фарҳангии шаҳри Кошон ( шаҳре дар устони Исфаҳон-воқеъ дар маркази Эрон ) дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Хусрави Нозирӣ субҳи имрӯз дар дидор бо Аҳмади Доноиниё, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон ( воқеъ дар маркази Эрон ) зимни ишора ба вижагиҳои мунҳасир ба фарди минтақаи Кошон, изҳор дошт : Кошон шаҳри шигифтиҳову меъмории асили эронӣ аст .
Вай Кошону Душанберо дорои нишонаҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунӣ донист ва тасреҳ кард : Мероси фарҳангӣ забони гуёи ҳамаи миллатҳо аст ва кишварҳое, ки мероси фарҳангии муштараке доранд, меросбонони ҳамдигар ҳастанд .
Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ-ЭКО таъкид кард : Бо ройзаниҳое ки бо сафири Тоҷикистон дар Эрон анҷом хоҳам дод, барномае таҳти унвони ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва баргузор хоҳем кард .
Аҳмади Доноиниё низ зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор бар лузӯми ташкили Хонаи фарҳанги Тоҷикистон дар Кошону Душанбе изҳор дошт : Омодагӣ дорем то дар яке аз хонаҳои торихӣ дар ҳар ду кишвар Хонаи фарҳанги Кошону Душанбе ташкил шавад, то ҳар ду кишвар бо фарҳанг, таърих ва ҳавзаи тамаддунии муштараке ки доранд, бештару амиқтар ошно шаванд .
Раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон ин минтақаро дорои асолату пешинаи зиёде унвон кард ва афзуд : Минтақаи Кошон бо вуҷуди тамаддуни ҳафтҳазорсола ва минтақаи Силак таърихи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад .