13 шаҳривар - Рӯзи бузургдошти Абурайҳони Берунӣ
(last modified Sun, 04 Sep 2022 04:11:03 GMT )
Сентябр 04, 2022 09:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи бузургдошти Абурайҳони Берунӣ
    Рӯзи бузургдошти Абурайҳони Берунӣ

Якшанбе, 4 сентябри 2022 Рӯзи бузургдошти Абурайҳони Берунӣ, аз саромадҳои рӯзгори худ ва аз шахсиятҳои чандбуъдӣ дар илм аст.

Абурайҳон Муҳаммад бин Аҳмади Берунӣ дар Хоразм мутаваллид шуд. Солҳои аввали зиндагиро дар Хоразм ба таҳсили улум гузаронид. Чанд солеро дар Ҷурҷон (дар ҷануби шарқии дарёи Мозандарон) дар хидмати Шамсулмаолӣ Қобус Вушмгир гузаронид ва китоби “Осорулбоқия”-ро дар он ҷо ба номи Қобус ба соли 390 ҳиҷрӣ таълиф кард. Ин китоб аз гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои милали мухталиф сухан мегӯяд.

Он чӣ аз китобҳову навиштаҳои Абурайҳони Берунӣ ва нақли таърихнависон бармеояд, гуёи ин аст, ки ӯ ҷузъи саромадҳои рӯзгори худ ва аз шахсиятҳои чандбуъдӣ дар илм будааст.

Яке аз вижагиҳои боризи Абурайҳон кунҷковӣ ва алоқа ба таҷрибаи шахсии масоил будааст. Абурайҳони Берунӣ пас аз солҳо талошу кӯшиш дар роҳи илму фазилат, дар 22 озари 427 шамсӣ бидруди ҳаёт гуфт. Дар мавриди маҳалли вафоти Абурайҳон ихтилоф асту маҳалли он мушаххас нест.