Роҳандозии чаҳорумин хати ҳавоӣ байни Эрону Афғонистон
(last modified Sun, 04 Sep 2022 09:05:01 GMT )
Сентябр 04, 2022 14:05 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҷадид байни Машҳад - Кобул
    Парвози ҷадид байни Машҳад - Кобул

Чаҳорумин хати ҳавоӣ байни Эрону Афғонистон ба сабаби иштирокоти фаровони байни ду кишвар роҳандозӣ шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул эълом кард, парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр” дар масири Машҳад – Кобул ва баръакс рӯзи шанбе ба унвони чаҳорумин хати ҳавоӣ байни Эрону Афғонистон шуруъ ба кор кард.

Ғуломризо Наҷҷорӣ, ройзани Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул гуфт, нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии «Кеш Эйр» аз Машҳад ба Кобул анҷом шуд.

Ройзани Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул афзуд, “Кеш-Эйр” ба унвони ширкати ҷадиди ҳавопаймоӣ аз Эрон муҷаввизи хати парвозӣ аз Машҳад ба Кобул дарёфт кардааст ва умед меравад ин ширкати эронӣ дар масирҳои дигар ҳам хати парвозӣ эҷод кунад.

Наҷорӣ ибрози умедворӣ кард, ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр” битавонад бо бозорёбии муносиб дар Афғонистон хати мустақим аз Теҳрон ба Кобул ва дигар шаҳрҳои ин кишвар роҳандозӣ кунад.